ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 20-уми соли 2023 бо усули «Хона ба Хона» дар ҳудуди ноҳия гардиш доир намуданд.

Кормандони ҳизбӣ ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оиди истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ тақсим намуданд. Инчунин, аз омодагиҳои сокинон ба фасли замистон ва захираи консерваҳои онҳо дидан намуданд. Бо чалби мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба сокинон оид ба кишти такрори картошка, ки аз нимаҳои моҳи август шӯруъ мешавад, тавсияҳои муфид доданд.