РАНГУ БОР КУНИИ МИЗУ КУРСИҲО ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 бо ташаббус ва корбарии масъулини муассиса корҳои таъмиру азнавсозӣ ва рангу бор намудани мизу курсҳо ва деворҳои гирду атрофи мактаб бо маром идома дорад. Корҳои ободони бо дастгирии асотсиатсияи падару модарони ва шахсони саховатманди деҳаи Дарқад дар доираи амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маоириф ва илми Ҷумҳурии тоҷикистон зери унвони “Мактаби ман” амали шуда истодаанд. То имрӯз кисми зиёди синфхонаҳо аз таъмир бароварда шуда мизу курсиҳо ранг карда шудаанд. Ба таҳтил нигоҳ накарда масъулин ҳамарӯза аз рафти корҳо дар муассиса пайваста пайгири намуда, омодагиро барои соли нави хониш дар сатҳи баланд ба анҷом мерасонанд.