МУМФАРКУНИИ РОҲҲОИ ҲУДУДИ НОҲИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ва бо дастгирии аъзои Кумитаи иҷроияи вилояти ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода дар дар ноҳияи Фархор баробари бунёд кардани иншооти гуногун, аз ҷумла сохтмони биноҳои замонавӣ, таъсиси корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва роҳҳои маҳаллӣ низ идома дорад.Ташкилу ба роҳ мондани чунин тадбирҳо ҳаракати мунтазами воситаҳои гуногуни нақлиётро хеле осон намуда, сокинони бе мушкили ҳаракат мекунанд. Аз ҷумла ҳоло ҳаракат дар шаҳраки Фархор ва бархе аз ҷамоатҳои деҳоти ноҳия беҳтар шуд.Кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилиии ноҳия бо дастури муҳтарам раис ба мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ низ аҳамияти бештар дода, дар тули ҳафтаи сипаригашта зиёла аз 2 километр роҳҳои маҳалиро мумфарш намудаанд. Чунин як иқдоми хайрхоҳона дар деҳаи Нури шарқи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Фархор бо дастгирии муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода роҳандози шуда зиёда аз 1 км роҳҳои байни ҳудуди деҳа мумфарш карда шуданд.