РОҲҲОИ ДОХИЛИ МУМФАРШ МЕШАВАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи сиёсии ҷомеаи кишвар дар доираи татбиқи бахшҳои алоҳидаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ бобати тақвият бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо фаъолони ҳизбӣ ва сокинони маҳаллаҳо корҳои бунёдкориро вусъат бахшидаистодааст.Дар доираи нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор оид ба баргузории корҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастур ва ташаббуси аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раиси ноҳияи Фархор музтарам Назирӣ Зариф Вализода корҳои ободони вусат дошта, дар ин росто бо ҷалби шахсони саховатманди ноҳия роҳи байни кӯчаи Ш. Насруллоеви Ҷамоати шаҳраки Фархор дар масофаи 1 км мумфарш карда шуд. Чунин иқдомҳои созанда минбаъд низ идома ёфта дар сароросари ноҳия роҳандозӣ карда мешаванд.