Корҳои ободонӣ дар МТМУ № 64

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташабуси директори тозатаъини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 64- деҳаи Ҳайёти нави Ҷамоати деҳоти Хуросон Талбаков Ҷумахон дар доираи аксияи “Мактаби ман” корҳои ободони дар гирду атрофи муассиса бо ҷалби техникаҳои зарурӣ оғоз карда шуданд. Корҳои ободони бо саҳмгузории асосиатсияи падарону модарон ва хатмкунандагони собиқи ин даргоҳ роҳандози шуда истодаанд. Ҳамзамон ногуфта намонад, ки дар гушаи замини дарихтиёрдонтаи муассиса корҳои сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ шуруъ гардидаст.