ИДОМАИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАР МАҲАЛ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 5- уми июли соли ҷорӣ дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузории корҳои тарғиботӣ дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи кории назди кумитаи иҷроия дар ҳудуди ноҳия бо усули “хона ба хона” гардишҳо роҳандозӣ карда шуданд.Дар ин рӯз аз тарафи масъулин оид ба масъалаҳои, ҷалби сокинон ба кор дар НБО Роғун, тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби ихтиёриён ба сафи Қувваҳои мусалаҳ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуданд.  Ҳамзамон, ба сокинон маводҳои таблиғотӣ ва брошураҳо оид ба мавзӯҳои болозикр тақсим карда шуд.