ИДОМАИ КОРҲОИ СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон хатамканандагони сину соли гуногун ва сокинони хайрхоҳи деҳаи Меҳровари Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор бо корбарии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳровар” Назаров Саймумин дар доираи аксияи “Мактаби ман” корҳои сохтмони синфхонаҳои иловагии Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №51 оғоз карда буданд.Худи ҳозир бо тариқи ҳашар корҳои сохтмони идома дошта, алакай қисми зиёди корҳо дар деворҳои бино дар арафаи анҷомёбист. Сохтмонҷиён бо маводҳои сохтмони пура таъмин буда, дар муҳлати муаяншуда корро ба анҷом мерасонанд.