ТАЪМИРИ СИНФХОНАҲО

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон масъулини муассисаи таълими  №56-и ноҳияи Фархор тасмим гирифтаанд, ки дар доираи аксияи “Мактаби ман”, бо ҷалби падарону модарон ва собиқ хатмкардагони муассисаи мазкур синфхонаҳоро аз таъмири ҷори бароварда барои соли нави хониш омода карда истодаанд.Марҳилаҳои аввали корҳои азнавсозӣ алакай оғоз шуда, бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ ва ҳашарҳои дастаҷаъмӣ корҳо идома доранд.