ТАЪМИРИ МАКТАБҲО БО САҲМИ АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲИЗБ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 бо саҳмгузории аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон корҳои таъмиру азнавсозии сифхонаҳои муассисаи мазкур оғоз шуда, як қатор синфхонаҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаанд. Мизу  курсиҳои рангпарида низ аз нав таъмир ва зебо карда шуда, намои дохилии синфхонаҳо бо лавҳаҳои баландмазмун оро ёфта, фарши синфхонаҳо гарнгу бор карда мешавад.Ҳамзамон корҳои сохтмони ва бунёди бо маром ҷараён доранд. масъулин ният доранд, ки то саршавии соли хониши нав синфхонаҳои боқимондаро низ таъмир намоянд. Аз чунин иқдоми нек бар меояд,  ки аъзои фаъоли ҳизб ва асотсиатсияи падару модарон худро дар канор нагирифта, бо як ҳисси ватандӯстӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда дастгирҳои   худро барои таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ дареғ намедоранд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фархор