АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “МАКТАБИ МАН”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

         Санаи 23 июни соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани ташаббуси навбатии ҳизбӣ аз тарафи  хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 –и ноҳияи Фархор дар доираи амалиёти муштараки “Мактаби ман” бо корбарии директори муассиса Сафаров Тоҷиддин, ки ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии “Файзобод” мебошанд, вохӯрии навбатии  амалиёти муштараки “Мактаби ман” доир гардид. Вохӯрӣ оид ба масъалаи таъмиру тармими синфхонаҳо, роҳрав ва гирду атрофи мактаб ҷараён гирифт. Зикр шуд, ки дар давраи таътили тобистона таъмиру тармим мусоид мебошад.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба иштирокдорон тавсеа доданд, ки дар доираи амалиёти муштараки “Мактаби ман” хатмкунандагони солҳои гузашта ҷалб карда шуда дар ҳамдастӣ норасоиҳои ҷойдошта бартараф карда шавад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб корбари ва тарғиб менамояд, ки дар доираи амалиёти муштараки “Мактаби ман” корҳои созандаеро татбиқ намояд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фархор