АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “МАКТАБИ МАН”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

         Ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани ташаббуси ҳизбии амалиёти муштараки  “Мактаби ман”  аз тарафи  хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 –и ноҳияи Фархор ҷамъомади судманд баргузор гардид. Тазакур дода шуд, ки дар давраи таътили тобистона синфхонаҳои мактаб таъмири ҷори карда мешаванд. Бо хатмкунандагони солҳои қабли роҷеъ ба созандагию ободони сухан рафт. Гуфта шуд, ки барои таъмири ҷорӣ, тозагию ободони ва омодагӣ ба соли нави таҳсил корҳои муаянеро сомон додан лозим аст. Хатмкунандагони мактаб тасмим гирифтанд, ки синфхонаҳои алоҳидаи мактабро таъмири ҷори намуда дар ободию созандагии муассиса саҳми худро мегузоранд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб корбари ва тарғиб менамояд, ки дар доираи амалиёти муштараки “Мактаби ман” корҳои созандаеро татбиқ намояд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фархор