ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АМАЛИ МЕГАРДАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 24 июни соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани ташаббуси ҳизбӣ аз тарафи  хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 –и ноҳияи Фархор дар доираи амалиёти муштараки “Мактаби ман” баргузор гардид. Зимни мулоқот зикр шуд, ки мактаби мазкур яке аз мактабҳое мебошад, ки дар тарбияи насли наврас ва ҷавон саҳми назаррас гузоштааст. Аз ҷумла аксари мо аз тарбияи ин боргоҳи маърифат ба воя расидаем. Ҳоло, ки ин даргоҳи муқаддас ниёз ба таъмиру тармим дорад, дар ҳамдастӣ бо хатмкунандагони гузашта, дар давраи таътил синфхонаҳои алоҳидаро таъмири ҷори намоем.

Хатмкунандагони боору номус ва ватандӯсту маорифпарвари ин даргоҳ бо ҷалби роҳбари муассиса дар ҳамдастӣ бо саховатмандон дар як қатор синфхонаҳо ва роҳравҳо таъмир ҷараён дорад. Хатмкунандагони ин мактаб дар оянда низ ният доранд, ки дар ҳама мушкилоте, ки дар муассиса ба миён меояд дасти ёрӣ дароз намоянд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ аз ташаббусу пешниҳодҳои ҳизбӣ изҳори сипосу миннатдории самимонаи худро мерасонад.

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фархор