ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ «МАКТАБИ МАН»

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

         Дар заминаи ташаббуси созандаи ҳизбӣ унвонии “Мактаби ман” рӯзи 24-июни соли 2023 ҷумлаи хатмкунандагони солҳои гуногуни Муассисаи таҳсилоти миёнаи №59-и ноҳияи Фархор бо ҳам ҷамъ омада, перомони  норасогиҳои ҷойдошта ва роҳҳои бартараф намудани он бо саҳми хатмкунандагон ва шахсони саховатманд мулоқот баргузор намуданд. Зикр рафт, ки шахсони айни замон дар мулоқот ҳузурдошта ин даргоҳи муқадасро хатм намуданд. Аз ин остонаи маърифат ба мақомҳои арзанда расидаанд. Лиҳози ин шоиста аст, ки барои бартараф намудани норасоиҳои мавҷуда ва таъмири ҷории ин муассиса саҳм гузоранд.

         Ҳамҳзамон дар идомаи мулоқот ба директори муассиа тавсеа баён гардид, ки нақшаи бартараф намудани кабдуҳои ҷойдоштаро бо нишондоди маблағҳои зарурӣ омода сохта пешниҳод намояд.

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фархор