СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти кишвар доир ба таҷлили ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани он дар ноҳияи Фархор корҳои ободони бо маром идома дорад. Аз ҷумла, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Гулшан корҳои ободонӣ ва омодагӣ ба соли нави хониш вусъати тоза мегиранд. Дар назди муассисаи номбурда 4 синфхонаи иловагӣ бо дастгирии аъзои фаъоли ҲХДТ ва сокинони деҳаи мазкур бунёд гардида истодааст.Дар иншоот омӯзгорон ва устоҳои маҳаллӣ бо маром кор карда, айни замон сохтмони таҳкурсии бино ба талаботи замон мутобиқ ба анҷом расидааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи май оғоз гардида, бунёдкорон кӯшиш доранд, ки барои насли ояндасози миллат туҳфаи хотиравиро ҳарчӣ тезтару босифат супоранд. Барои идома додани корҳои дигари сохтмонӣ масолеҳи сохтмонӣ омода мебошад.

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фархор