СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРИ МАРОМИ МОСТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бунёди муассисаҳои таълимӣ ва барои муҳасилин шароити мусоид фароҳам оварда дар сиёсати Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи асосиро касб менамояд. Дар дораи сиёсати созандаи Раиси муаззами ҲХДТ фаъолони ҳизб сиёсати буеёдкоронаи Пешвои милатро дастгири намуда, дар ин самт дар бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ саҳми муносиб мегузоранд.Дар ин росто дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 сохтмони синфхонаҳои иловаги барои хонандагони муассиса бо маром ҷараён дорад. Корҳои сохтмонӣ, таъмири дарунии синфхонаҳо, тахту ҳамворкунии фарши дохилии синфхонаҳо дар ҳамдастӣ бо фаъолони ҳизб вусъат бахшида шуда, то давраи оғози таҳсил сомон дода мешаванд. Дар доираи баргузории ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман” хатмкунандагони муассисаи мазкур низ ҷалб гардида, нақши созанда мегузоранд. Дар иншоот омӯзгорон ва устоҳои маҳаллӣ бо маром кор карда, айни замон сохтмони девори синфхонаҳо ба талаботи замон мутобиқ ба анҷом расидааст. Бунёдкорон кӯшиш доранд, ки барои насли ояндасози миллат туҳфаи хотиравиро ҳарчӣ тезтару босифат супоранд. Синфхонаҳои иловагӣ мутобиқ ба талаботи замон мебошад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

 дар ноҳияи Фархор