ТАЪМИРИ МАКТАБҲО БО САҲМИ АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲИЗБ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 бо саҳмгузории аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва асотсиатсияи падару модарон корҳои таъмиру азнавсозии сифхонаҳои муассисаи мазкур оғоз шуда, то имруз алакай панҷ синфхона аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст, ҳамзамон масъулин ният доранд, ки то саршавии соли хониши нав синфхонаҳои боқимондаро низ таъмир намоянд.Аз чунин иқдоми нек бар меояд,  ки аъзои фаъоли ҳизб ва асотсиатсияи падару модарон худро дар канор нагирифта, бо як ҳисси ватандӯстӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда қӯмакҳои   худро барои таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ дареғ намедоранд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фархор