БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ноҳияи Фархор бо ташаббуси аъзоёни фаъоли ҲХДТ  ва сокинони маҳал сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ҷараён дошта, онҳо  ният доранд, ки сохтмони сифхонаҳои иловагиро дар кутоҳтарин муҳлат ба анҷом расонанд,  то ин, ки дар соли хониши 2023-2024 хонандагон дар синфхонаҳои тозаву барҳаво  ба таҳсил фаро гирифта шаванд.Бо мақсади бартараф намудани мушкилоти ҷойи нишаст айни замон дар назди муассисаи таълимии №51 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бунёд шуда истодааст, ки мушкилоти норасогии ҷойи нишастро бартараф менамояд. Барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия дар МТМУ №51 тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, масъулони муасисаи мазкур, Асосиатисияи падару модарон ва соҳибкорон кӯшиш карда истодаанд, ки дар муасисаи болозикр мушкилоти норасоии ҷойи нишастро ба пуррагӣ бартараф намоянд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фархор