ТАЪМИРИ БОМАРОМИ СИНФХОНАҲО

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Мактаби ман: Дар муассисаи таъҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Фархор бо ҷалби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навобод”, Асотсиатсияи падару модарон ва саҳмгузории шахсони саховатманд корҳои таъмиру азнавсозии синфхонаҳо бо маром ҷараён дорад.Бояд гуфт, ки маъмурияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13  Асотсиатсияи падару модарон ва соҳибкорону шахсони хайрхоҳ тасмим гирифтанд, ки то оғози соли нави хониш таъмири капиталиро анҷом диҳанд. Бо иси зикр аст, ки аснои баргузори баргузории хонишҳои сиёсӣ дар доираи ташабуси созандаи “Мактаби ман” хатмкунандагони ин боргоҳи илм низ ҷалб гардида саҳми муносиб мегузоранд.Дар натиҷа синфхонаҳо ва хиёбони даромадгоҳи муассисаи мазкурро таъмир намуданд. Боварӣ дорем, ки ин гуна дастгириҳо дар соли оянда низ аз тарафи  Асотсиатсияи падару модарон, соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳ идома ёфта, муассисаи таълими №13 ба яке аз муассисаҳои намунавии ноҳия табдил меёбад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фархор