ИДОМАИ КОРҲОИ СОХМОНИ ДАР МТМУ №51

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ноҳияи Фархор бо ташаббуси сокинони маҳал ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ҷараён дорад. Онҳо  ният доранд, ки корҳои сохтмониро дар кутоҳтарин муҳлат ба анҷом расонанд,  то ин, ки дар соли хониши 2023-2024 хонандагон дар синфхонаҳои тозаву барҳаво  ба таҳсил фаро гирифта шаванд.Корҳои сохтмонӣ моҳи май оғоз гардида, бунёдкорон кӯшиш доранд, ки барои насли ояндасози миллат туҳфаи хотиравиро ҳарчӣ тезтару босифат супоранд. Синфхонаҳои иловагӣ мутобиқ ба талаботи замон буда тариқи ҳашар бунёд гардида истодааст. Омӯзгорони муассиса баробари таъмир ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ барои ободу зебо гардонидани гирду атрофи мактаб корҳои заруриро ба анҷом расониданд.

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фархор