РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 01-июни соли 2023 дар асоси нақша - чорабиниҳоит ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Орзу” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 юахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон чорабинии идона юаргузор карда шуд. Дар чорабинии давтовардҳои хонандагони муассиса дар соли хониши 2022 – 2023 ба марарази тамошо гузошта шуда, хонандагони фаъол бо Сипосномаю Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.Ҳамзамон директори муассиса ҳозиринро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон табрику таҳанният гуфта иброз доштанд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ва барои онҳо муҳайё намудани шароити мувофиқ таъкид кардаанд: «Падару модарон, масъулони таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон бо ин, ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшанд ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд». Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтан ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурии вобаста ба омӯзишу парвариши кӯдакони синни томактабӣ ва ҳамчунин дар оянда идома ёфтани таҳсили онон дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷӯҳи алоҳида зоҳир менамояд. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбия ва махсусан ҳамчун шахсони солимфикр, хушахлоқ, масъулиятшинос, ватандӯсту шуҷоъ ва соҳибмаърифат ба камол расидани насли ҷавон саҳмгузор бошем.