ТАРҒИБИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ  ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН» МИЁНИ АҲОЛӢ

Фархор:  

Санаи 31 майи соли ҷорӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии “Баҳористон” бо аъзои фаъҳи ҳизб мулоқот баргузор намуданд. 

 Масъулин зимни суханронӣ оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар боари танбияи ҳарби ватандӯстии ҷавонон” чунин ибрози андеша намуданд, ки ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» 24 декабри соли 2022 қабул карда шуд. Қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.Қобили тазаккур аст, ки таҳкими раванди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор дошта, Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур ибрози назар менамоянд.Маҳз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии сиёсии кишвар аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар ин самт як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст.24 декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони кишвар ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст.