КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲИ ДАР МАҲАЛ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 31 майи соли равон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи тарғиботии назди кумитаи иҷроия дар ҳудуди маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Фархор корҳои фаҳмондадиҳро дар масъалаҳои ҷалби сокинони ба кор дар НБО Роғун, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва тарбияи ҳарби ватандустии ҷавонон ба роҳ монда бо сокинон ва аъзои фаъоли ҲХДТ суҳбат намуданд.Ҳамзамон ба аҳолӣ маводҳои таблиғоти оид ба масъалаҳои болозикр таксим намуда иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки: “Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст”. Аз ин рӯ, дар ҳар баромадҳои худ таъкид месозанд, ки заминро самаранок истифода баред ва на кам аз ду-се ҳосил рӯёнед. Барои боз ҳам ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини беҳдошти аҳли оила сарҷамъона меҳнат намуда, ҳар як порча замини наздиҳавлигиро самаранок истифода мебарем. Аз ин ҳисоб шароити зиндагии худро беҳтар менамоем.