СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 бо дастгирии аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода сохтмони 10 синфҳонаи иловагӣ бо ҷалби сармояи берунӣ идома дорад. Ҳамзамон дар доираи амалиёти муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҲХДТ оид ба баргузории амалиёти Мактаби ман бо ҷалби асотсиатсиаи падару модарон, хатмккунандагони сину соли гуногун ва устодони муассаи мазкур дар ҳудуди мактаб иншоотҳои ёрирасон сохта шуда истодаанд.