ТАШАББУСИ БЕНАЗИР ВА САРИВАҚТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Фархор: Андеша  

 

Бинобар сабаби тағйирёбии иқлим, ҳодисаҳои гуногуни табиӣ рух дода, боиси хисороти ҷонӣ, молӣ ва иқтисодӣ мегарданд. Ин масъалаҳои муҳими глобалиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор медиҳаднд.Тули солҳои охир баландшавии ҳарорати ҳаво, тӯфону обхезиҳо ва дигар ҳодисаҳои табиат дар тамоми сайёра ба мушоҳида расида, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вобаста ба ин, ташкили самараноки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати экологии одомон зарур аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили гуногуни марбут ба муҳити зист, роҳҳои пешгирӣ ва мутобиқ гаштан ба хавфҳои экологӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва сарватҳои табиатро таҳлил ва баррасӣ намуда, таърихи 14 декабри соли 2022 аз минбари баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташабуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи захираҳои обӣ зери унвони “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” элон намуд, ки аз ҷониби аъзоёни ин созмони бонуфуз бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

 Қайд кардан бо маврид аст, ки пиряхҳо массаҳои ях мебошанд ва он дар минтақаҳои кӯҳӣ бо барфи доимӣ ҷамъ мешаванд ва қисми поёнии онҳо мисли дарё оҳиста-оҳиста лағжида меоянд. Пирях дар шароити тадқиқи геологии водиҳо ва кӯҳҳо аҳамияти ниҳоят калон пайдо мекунад. Ҳамчун як далели ҷолиб, мо бояд қайд кунем, ки мувофиқи тарзи муайян кардани мафҳуми ҷуғрофияи физикӣ, ки бо номи пиряхология маълум аст, яке аз хусусиятҳои асосии он мавҷудияти яхбандӣ дар ҳарду нимкураи (Ҷануб ва Шимол) мебошад. Гумон меравад, ки пиряхҳо боқимондаҳои давраи охирини яхбандӣ мебошанд. Дар он вақт ҳарорати ниҳоят паст яхро маҷбур мекунад, ки ба марзҳои поёнтар равон шавад, ки иқлим ҳоло гарм мешавад. Дар бораи об ва захираҳои обӣ борҳо Пешвои миллат аз минбарҳои баланд суханронӣ намуда фикру ақидаҳои худро оиди масъалаи мазкур ба ҷаҳониён пешниҳод намудаанд.

Азбаски пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии захираҳои обии Осиёи Миёна мебошанд, кишвари мо хостори он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи мутобиқшавӣ ва паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд. Воқеъан пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми кишварҳо ба шумор меравад. Барои бо об таъмин будани аҳолии тамоми кишварҳо, пирях неъмати асосӣ ҳисобида мешавад, чунки бе об ҳеҷ як нафаре наметавонад зиндагонӣ намуда, умр ба сар барад. Бояд гуфт, ки пирях аксар вақт ҳамчун синоними пиряхшавӣ истифода мешавад. Барои дар сатҳи байналмилалӣ ошно сохтани ин гуна мафҳумҳо саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо рангин аст.

Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъдании бешумор дорад. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштаанд, ки: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд нест. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».

Воқеан, вобаста бо афзоиши нуфузи аҳолӣ дар ҷаҳон ва тағйирёбии иқлим норасогии оби ошомиданӣ бошиддат меафзояд. Ҳамасола, танҳо тавассути маълумоти расмӣ дар рӯйи Замин бо сабаби сифати пасти об ва норасогии оби сифатнок 4,5 миллион одамон ҳалок гашта, анқариб як миллиарду 200 миллион ба маризиҳои мухталиф гирифтор мегарданд. Об аз як намуди захираи одию дастраси табиӣ ба захираи ҳаётан муҳимми иқтисодӣ мубаддал шудааст. Он рӯз дур нест, ки об мавқеи нафту газро, ки асбоби танзимкунандаи сиёсати ҷаҳониянд, иваз намояд. Аллакай, баръало рушан аст, ки об ҷузъи сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ маҳсуб шудааст.

Бояд дар ин раванд мо бикӯшем то ки обро неъмати бебаҳо дониста онро тозаву озода ва покиза нигаҳ дорем. Бе об, мо ҳаёт ба сар бурда наметавонем, чунки об ин манъбаи ҳаёт мебошад. Об ин нерудиҳандаи инсон ба шумор рафта, 80% узви бадани инсонро об ташкил медиҳад. Агар инсон аз об танқисӣ кашад пас бе он зиндагонӣ карда наметавонад. Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат доир ба об ва сиёсати обӣ дар тӯли 15 соли охир аз ҷониби СММ пайваста дастгирӣ меёбанд.

 Аз ин рӯз моро зарур аст, ки бояд обро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт кунем, чунки бе об дар олами ҳастию ҳайёт вуҷуд надорад.

 

Тағайзода Рустам – муовини раис – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кардрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор