ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомониён” мулоқоти раиси ташкилоти ибтидоӣ бо сокинон ва аъзоёни ҳизби деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Зафар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” баргузор гардид.Зокиров Абдуҷаббор раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур зимни суханронӣ оид ба масъалаи тарбияи дурусти ватандустии шаҳрвандон ва махсусан насли ҷавон ва пешгирии онҳо аз гирифтани таълимоти ғайриддини баромад намуда, иброз доштанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» шаҳодати он аст, ки Ҳукумати мамалакат баланд бардоштани фарҳанги ватандӯстии шаҳрвандонро нодида нагирифта, дар ин самт тамоми чораҳои лозимаро хоҳад андешид. Муҳтавои асосии Қонуни мазкур дар тафаккури шаҳрвандон тарбия намудани дарки зарурати бошууронаи хизмати фидокоронаю беғаразона ба Ватан зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаббат ба кишвари маҳбуб, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида маҳсуб меёбад. Ҳамзамон гуфта шуд, ки «Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, ­масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобида, пайваста дар ин бора роҳнамоӣ ва ҳидоят менамоянд. Мувофиқан, масъалаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан дар вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо кардани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ, бегонапарастӣ, дахолати неруҳои бадхоҳ ба корҳои дохилии кишварҳои ҷаҳон, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, беш аз пеш муассир буда, вусъат бахшидани кори тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва танзими ҳуқуқии он хеле зарур ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад».