САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ОБ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 мизи мудаввар дар мавзӯи “Саҳми пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо” бо иштироки аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия баргузор карда шуд. Дар мулоқот омузгури муассисаи мазкур оид ба мавзуи болозикр суханрони намуда иброз доштанд, ки боиси сарбаландиву сарфарозии мост, ки дар чанд соли охир ташаббусу иқдом ва пешниҳодҳои башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи гарму самимона ёфта, Сарвари давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун чеҳраи дурахшони сиёсӣ ва поягузори дипломатсияи об дар ҷаҳони муосир пазируфта шудаанд.Маҳз иқдоми Пешвои миллати мо буд, ки СММ солҳои охир дар мавриди мушкили оби тоза нуҳ қарору барнома қабул намуд ва панҷ пешниҳоду ташаббуси Пешвои миллати мо мавриди амал қарор гирифт. Ташаббус ва пешниҳодҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли норасоии об барои тамоми сайёра мусоидат карда, онҳо барои пешгирии хатарҳои камобӣ нигаронида шудаанд. Пешвои миллат низ пайваста иброз медоранд, ки ҳамаи ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдошт дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ равона гардидаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи захираҳои об дар Сайёра, махсусан оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ сол то сол душвор гардида истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обро сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам ва қудрати муттаҳидсозандаи одамони сайёра номида, таъкид доштанд, ки «мо бояд ба куллӣ тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк намоем». Қайд кардан ба маврид аст, ки об захираи бузургест, ки чаҳону зиндагиро таровату зебоӣ ва сарзабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии инсоният, гулу гиёҳ, хайвоноту наботот, растанӣ, хоса зиндагии осоиштаву обод ва пурбаракоту зебоӣ аз об вобаста аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки таҷрибаҳои қаблӣ исбот месозанд, ки танҳо дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад барои мардуми сайёра зиндагии шоистаро таъмин намояд. Дар ин радиф эълон гардидани-Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015,- соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об,- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 ташаббусҳое мебошанд, ки дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувори ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани сулҳу субот ва дар маҷмӯъ барои рушди устувор саҳми арзанда гузоштаанд. Маврид ба зикр аст, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо муҳим ва саривақтӣ маҳсуб мегарданд ва мо бояд дар амали намудани ин иқдомҳои наҷиб дар баробари башарият саҳмгузор бошем.