РӮЗИ САРҲАДБОНОН МУБОРАК

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баргузории ҷорабинии идона бахшида ба Рӯзи сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии зотпарварии Ҳисот” ва “Ҷамоати деҳоти Гулшан” барои афсарон ва аскарони Блокпости сарҳадии №8 мустақар дар деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Дарқад дастархони идона барпо намуданд.Ҳамзамон дар ҷорабини намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор  низ иштирок доштанд, ки табрикоти раиси ноҳияи Фархорро ба муносибати Рӯзи сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарбозони шуҷои Ватан расониданд. Ҳамзамон Қурбонов Бобоҷон дар идома иброз доштанд, ки Кушунҳои сарҳади барои ҳифзи сарҳадҳои Ватан пешбини шудаанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва интервенсияи ҳарбӣ Кушунҳои сарҳади тамоми ҳудуди собик, Иттиҳоди Шуравиро мухофизат менамуданд, бо пайгирони душман ҷанги беамон мебурданд ва аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадиро посбони мекарданд. Дар солҳои ҳаёти осоишта ба сарҳадчиён лозим меояд, ки бо гурӯҳҳои мусаллаи ҷанги беамон баранд, дар задухурдҳои тан ба тан иштирок намоянд. Кушунҳои ҳозираи сарҳадӣ дар омодагии доими баҳри нобуд сохтани душман дар сарҳад ва инчунин барои нигаҳбонии сарҳад ҳамеша омода хастанд. Кушунҳои сарҳадӣ бо аслиҳаҳои муосир ва техникаи якумдараҷаи ҳарбӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар ихтиёри онҳо мошинҳо, хавопаймоҳои ҷангӣ, чархболҳои боркаш ва ҷангӣ, воситаҳои радиомуҳандиси мавҷуданд. Аз руйи мавкеъ ва худуди чойгиршавии Точикистон сарҳади он ба ду кисм ҷудо мешавад.Инҳо сарҳадҳои Тоҷикистону Афғонистон (1334 км), Тоҷикистону Ҷумурии Мардумии Чин (511 км) мебошанд. Қисми дуюм – сарҳадҳои дохилии Тоҷикистон бо Узбекистон ва Қиргизистон, ки мутаносибан 1363 ва 990 км масофа доранд. Баъди барҳам хурдани Иттиҳоди Шурави мафҳуми сарҳади доҳили ба миён омад. Аввалин санаде, ки ба ҳаллу фасли мушкилоти сарҳад бахшида шуда буд, Карори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми декабри с. 1992 оид ба таъсиси Раёсати ҳифзи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 30-юми майи с. 1994 Фармони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Артиши сарҳадии Кумитаи бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Мувофики ин фармон ҳар сол 28-уми май чун Рузи иди касбии сархадбонони точик тачлил карда мешавад.Ногуфта намонад, ки дар ин росто бо дастури Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои наздисарсадӣ, ки бо Ҷумҳурии Исломии Аафғонистон ҳамсарҳаданд Дидбонгоҳои наву замонави бо тамоми шароит барои сарҳадбонон сохта шудаанд. Ҳамаи ин ғамхориҳои бепоён барои нигоҳдорӣ ва пойдории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандози шуда истодаанд.