ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КУЛАКОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28-майи соли 2023 дар асоси нақша - чорабиниҳоит ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” бахшида ба истиқболи сазоворӣ ҷашни Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон чорабинии идона баргузор карда шуд. Дар чорабинии аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – муовини аввали Ҳаракати Ваҳдати миллӣ дар ноҳия Раҳимзода Раъно ва муовини раиси ноҳияи Фархор Раҳматулозода Дилбар иштирок ва суханронӣ намуданд.   Чорабини бо шерхонии хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия шурӯъ гардид. Инчунин, аз тарафи хонандагони хурдсоли муассиса намоишҳои театрикунонидашуда ва рақсу бозиҳои гуногун баҳри бинандагон пешкаш гардонида шуданд.Дар идома аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – муовини аввали Ҳаракати Ваҳдати миллӣ дар ноҳия Раҳимзода Раъно ба сухан баромада иброз доштанд, ки фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба тамоми кӯдакону наврасон табрику муборакбод гуфта, барои онҳо даврони босаодати наврасӣ осмони соф, оромию осудагӣ ва хандаи беғубори тифлиро таманно намуданд.Дар идома муовини раиси ноҳияи Фархор Раҳматуллозода Дилбар бо иқтибосҳо аз суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ва барои онҳо муҳайё намудани шароити мувофиқ таъкид кардаанд: «Падару модарон, масъулони таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон бо ин, ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшанд ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд».