ДАР ДОИРАИ НАҚШАИ МУШТАРАК ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲХДТ СОАТИ СИЁСӢ БАРГУЗОР КАРДА ШУД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №64 дар доираи нақша чарабиниҳои тасдиқшуда  санаи 27 – майи соли ҷорӣ соати сиёсӣ дар мавзӯъи “Терроризм ва оқибарҳои он” баргузор гардид. Нотиқон оид ба мавзӯи болозикр иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он «Терроризми байналмилалӣ» мебошад.Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.