САНФАРШКУНИИ РОҲҲОИ МАҲАЛӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар доира нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузор намудани корҳои ободони зери Аксияи “Якҷоя месозем” дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия корҳои ободанӣ баргузор карда шудаистодааст. Сокинони маҳаллаҳои ноҳия ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни 35 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила обод намудани як гушаи диёр тасмим гирифтаанд, ки корҳои сангфаршкуниро дар ҳудуди ноҳия ҷонноқ намоянд. То имрӯз қисми зиёди деҳаю маҳаллаҳо сангфарш шудаанд ва кор дар ин самт боз идома хоҳад кард.