КОРҲОИ ФАҲМОНИДАДИҲӢ ДАР МАҲАЛ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроия санаи 23 - майи   соли ҷорӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар масъалаҳои тарбияи ватандӯстии ҷавонон, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархор бо усули хона ба хона доир намуданд.Кормандони ҳизбӣ дар ин рӯз ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оиди масъалаҳои болозикр тақсим намуданд. Инчунин, масъулини оид ба аҳамияти самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо сокинон суҳбат намуданд.