ҚИТЪАҲОИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ: ОНҲОРО БОЯД САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 10 – май масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор корҳои таблиғотиро оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлиги дар ҳудуди ҷамоатиҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо усули “хона ба хона” бар роҳ монда, бо зиёда аз 15 нафар сардорони оилаҳо ва роҳбарони ҳоҷагиҳои деҳқонӣ суҳба намуданд.Зимни суҳбат иброз доштанд, ки кишоварзӣ яке аз соҳаҳои сердаромадтарини мамлакат ба ҳисоб рафта, дар ҳама фасли сол дар бархе аз минтақаҳои вилоят сокинон заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода мебаранд. Кӯшиш доранд, ки ҳар ваҷаб заминро хуб истифода намуда, ба ин васила бозорҳои вилоятро бо сабзавоти тару тозаи ватанӣ таъмин намоянд. Имрӯзҳо сокинони меҳнатқарини ноҳияи мо низ кӯшиш доранд, ки аз замини дар ихтиёрдоштаи худ ду – се ва зиёда аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба ин роҳ даромади оилавии худро таъмин намуда, баҳри пешрафти рӯзгори худ ҳиссаи худро гузоранд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ваъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғанра аз ҷумла зикр доштанд, ки «Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем».