ҲУНАР ДАВЛАТЕСТ, ПОЯНДА ВА ЧАШМАЕСТ ЗОЯНДА

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Аловудин” ҷиҳати ҳарчи бештари ҷалби занону бонувон ва ҳамзамон хонадагони муасссаҳои таълими ба касбомузӣ аз худ намудани ҳунару маҳорати олӣ дар духтани сару либоси миллӣ дар муассаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 кусҳои бозомӯзи барои хонандагон ва занону бонувони деҳот ташкил ва гузаронида мешаванд.Инчунин зимни суҳбат бо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор устодон иброз доштанд, ки албата Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати мавқеъгирии ҷуғрофӣ ва иқлимаш мусоид ба саёҳӣ, боду ҳавои муътадил, манзараҳои табиат, куҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кулҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот, урфу одатҳои дилчасп аз миёни ҷаҳониён машҳур аст, беҳтари макони сайру саёҳат ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, мо ҳис мекунем, ки ҳунармандӣ бо сайёҳӣ зич алоқаманди дошта якдигаро рушд мебахшанд, ва ин аз рӯи мантиқ шоистааст, Рушди сайёҳӣ бо ҳунармандӣ якҷо эҳё карда шаванд.  Чунончӣ Саъдии Шерозӣ гӯфтааст: “Ҳунар давлатест, поянда ва чашмаест зоянда”. Мо аз таърих огоҳӣ пайдо кардаем, ки аввалин манбаи даромади оила аз ҳунар ва истеъдоди хонаводагӣ маншаъ гирифта, манфиатҳои он ба ҷомеа ва давлат низ мерасад, зеро ҳар фард ҷузъе аз ҷомеа ва ҳар ҷомеа пояи давлат ба ҳисоб меравад. Бар ин асос метавон гӯфт, ки ҳунари ҳар фарди ҷомеа ин боигарии давлат мебошад. Бинобар ин, ҳарчанд афроди ҷомеа ҳунарманд бошанд, ҳамонқадар иқтидори давлат меафзояд.Таҷассуми ҳунарҳои миллӣ дар ороиши сару либос, ҷиҳози хона, манзили зист ва ғайра мушоҳида кардан мешавад. Масалан, барои омӯзиши таърихи сару либос асарҳои санъати тасвирӣ, меъморӣ, адабиёт, ҳуҷатҳои таърихие, ки зиндагии маишии мардум ва фарҳанги давраҳои гузаштаро инъикос месозад, сарчашмаҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд. Агар ба таърихи фарҳанги тоҷик назар афканем, инкишофи ҳисси зебоипарастии ниёгони худро дар бозёфтҳои бостоншиносон, ба монанди китобу дастхатҳои нодир ва мусаввараҳо, ки дар онҳо фарҳанг, ҳунари меъморӣ ва рассомӣ, ҳамчунин хусусияти рӯзгори маишии инъикос ёфтаанд, метавон дарёфт кард.