ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ШАШКАЮ ШОҲМОТ МИЁНИ ХОНАНДАГОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Тули ҳафтаи сипаригашта дар муасссаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Фархор мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бахшида ба Иди Зафар роҳандози шуда будунд, ки даври ҷамъбастии ин мусобиқаҳо ба рӯзи 9 –уми май рост омод. Дар ин рӯз дар муасссаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ғолибони даврҳои дохилимактаби мусобиқаҳои шашкаю шоҳмот барои иштирок дар даври ноҳиявии мусобиқа ҷамъ омада миёни ҳам баро дарёфти зинаи ифтихорӣ рақобат намуданд. Рақобатҳо ҷолибу дидани сурат гирифтанд ва дар даври финали ду хонанда аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 бо ҳам қувваозмои намуданд. Дар давоми рӯз ғолибон муаян гашта бо туҳфаҳои хотирмон ва Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.