ИДИ ЗАФАР МУБОРАК: БО КОРНАМОИИ ГУЗАШТАГОНАМОН ИФТИХОР ДОРЕМ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Имсол  аз Иди Зафар  78 сол сипари мегардад. Ин ҷашн дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин ҷашн мақоми умумимиллиро ба худ касб кардааст. Зеро тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мардуми сулҳхоҳи ҷаҳон барои ободии Ватан ва сарзамини худ ҷоннисори намудаанд.Пос доштани Иди Зафар ва гироми доштани иштирокчиёни  Ҷанги Бузурги Ватани аҳамияти хоси худро дорад, зеро намояндагони зиёда аз 100 миллату халқият ҳамчун узви як оила муттаҳид гардида, барои ба даст овардани пирӯзӣ ҷоннисориҳо кардаанд. Дар ҳузури онҳо лаҳзае нишастану хабар гирифтани аҳволи онҳо, суханронии онҳо аз корнамоиҳояшон дарси ватандори мебошад.Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҷалби ҷавонони фаъоли аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватани - Хидиров Хумбаҳмад рафта, бобати гиромидошти хизматҳои онҳо суруди зафарро таҳти унвони “Катюша” барои бобои Хумбаҳмад замзама намуданд. Инчунин аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба ӯ ҳамчун рамзи эҳтиром як миқдор маблағи пули қадрдонӣ карда шуд.