9 – МАЙ – РӮЗИ ҒАЛАБА

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо мақсади баргузории ҷорабинии идона бахшида ба 78 – солагии Иди Ғалаба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии зотпарварии Ҳисот” ва “Ҷамоати деҳоти Гулшан” барои афсарон ва аскарони Блокпости сарҳадии №8 мустақар дар деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Дарқад дастархони идона барпо намуданд.Ҳамзамон дар ҷорабини намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор  низ иштирок доштанд, ки табрикоти раиси ноҳияи Фархорро ба муносибати Рӯзи Ғалаба ба сарбозони шуҷои Ватан расониданд. Зимни суҳбат Раиси Ккмитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор  Вализода Муҳаммад иброз доштанд, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо – тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан – Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо – Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат ҚарабоевҲодӣ КенҷаевТӯйчӣ ЭрйигитовСафар АмиршоевИсмоил ҲамзаалиевЭргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.