АЁДАТИ ИТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗАРГИ ВАТАНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Гиромидошти хотири қурбониён ва қадршиносӣ аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои онҳо ва фидокорони меҳнати ақибгоҳ ҳамеша таҳти таваҷҷӯҳи хосаи давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор низ дар ин раванд мудом саъю кӯшиш менамояд.Дар арафаи Иди Ғалаба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузургӣ Ҷатани сокини деҳаи Гулшани Ҷамоати деҳоти Гулшан Бобое Сафар, ки айни замон 98 сол доранд рафта ҳамчун рамзи эҳтирому арҷгузори ба хизматҳои шоёни ин мардони далер ба у тӯҳфа пулӣ тақдим карда шуд.Бобои  Сафар аз ин ғамхориҳо шод  гашта, ба давлату ҳукумат барои меҳрубониву дастгириҳои пайваста арзи миннатдорӣ карданд.