ПЕШГИРИ АЗ ХУРУФОТПАРАСТӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати деҳоти Хуросон” дар робита ба ҷирои дастуру супоришҳои Асосгузори судҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пшигии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ бо иштироки гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи фархор ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ мулоқот баргузор карда шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад зимни суханронӣ оид ба хуруфотпарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона суханронӣ намуда иброз доштанд, ки паёмадҳо аз усулҳои гуногун, махсусан аз таассуб ва даъвои ин ки мо ҳақем, кор гирифта шудааст. Яъне имон ва бовари мардумро ба хотири тавсиаи манфиатҳо ба як таассубу хушунати таҳаммулнопазир табдил додаанд, ки инсонҳо ба якдигар дарафтода якдигарро ҷисман аз байн бибаранд. Дар ин кор сиёсатҳо ҳамеша ҳисобҳои худро доштаанд ва аз боварҳои мардум ба ҳайси як идеологияи ҷангу хушунат ҷиҳати тавсиаи манофеи худ истифода намуданд. Ҳамин тавр, гурӯҳҳои манфиатдор аз соддабоварии инсонҳо ва махсусан аз ноогоҳиву нодонии онон сӯистифода намуда, дар тӯли таърих ҳазорон ҷангу хунрезиҳои зиёд ба миён овардаанд ва ҳеҷ гоҳ манфиатдори он ҳам набудаанд, ки бояд инсонҳо огоҳона зиндагӣ намоянд ва аз асрори ҷаҳон он чунон, ки ҳаст иттилоъ дошта бошанд. Ҳамин аст, ки дастурот, амалкардҳо ва оинҳои хурофӣ реша давондаанд ва дар зеҳнияти мардумон боқӣ мондаанд. Метавон далелҳоеро зикр кард, ки инсонҳоро маҷбур месозанд ба хаёлпардозӣ гароянд. Ҳарчанд баъзе аз онҳо агарчи иддае аз унсурҳои воқеиятро эҳсос намоянд ҳам, вале хешро думболи тахаюлот ва бофтаҳои оромишписанд савқ медиҳанд. Агарчи огоҳӣ аз ҳақиқат барои ҳама инсонҳо арзиш ва аҳамияти зиёдеро дорост, бо вуҷуди ин ононе, ки аз чунин имтиёз баҳраманд мешаванд, хеле каманд. Баъзе аз инсонҳо қодир нестанд ба пажӯҳишҳои илмӣ вақти хешро сарф кунанд ё аслан намехоҳанд хешро заҳмат бидиҳанд, то аз ин пажуҳишҳо огоҳ ва бархӯрдор гарданд.

Дар идома намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи зимни суханронӣ фигру андешаҳои худро оид ба мавзӯъ байн доштанд.