САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Президени мамлакат ҷиҳати самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархор корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули хона ба хона роҳандози намуда, ҳамзамон аз корҳои анҷомдодаи сокинон дар ин самт дидан намуданд.Масъулини ҳизбӣ бо сокинон оиди масъадаи мазкур суҳбат намуда, идроз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар семинар - машварати кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара санаи 27 апрелӣ соли ҷорӣ вобаста ба истифодаи самараноки заминҳо ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ, дурусту оқилона истифода бурдани заминҳо ва рӯёнидани 3-4 ҳосил дар як сол, инчунин ғанӣ гардонидани бозорҳо аз маҳсулоти тару тозаи ватанӣ чунин қайд намуда буданд, ки дар шароити ҳозираи ҷаҳон бори дигар роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор менамоям, ки фаъолияти худро доир ба корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар хусуси истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, махсусан, заминҳои Президентӣ ва баланд бардоштани маданияти истифодаи замин тақвият бахшанд».Вобаста ба ин мо сокинони ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани гуфтаҳои боло самаранок фаъолият намоем ва саҳми худро дар пешрафти ин сарзамини муқаддас гузорем.