АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №12

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таълимии №12-и ноҳия бо иштироки муовини раис - мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор карда шуд.Ҳамзамон устодон бо маърӯзаҳои худ дар мавзӯҳои гуногуни ҳисси ватандӯстидошта, дар назди хонандагон баромад намуданд. Инчунин намояндаи директори муассисаи мазкур дар мавзӯи “Интернет ва истифодабарии мақсадноки он” баромад намуданд, ки Шабаки интернетӣ чун тори анкабут фазои ҷомеаи ҷаҳониро ба коми худ кашидаву тарафдорони зиёдеро дар олам доро мебошад.Ҳар як нафар бо тариқи ба худ хос аз шабакаҳои интернети истифода намуда, талаботи хешро қонеъ месозад.Мақсадҳо гуногун буда, бисёриҳо пайи ҷустуҷуйи маводҳо барои дониши хешро мукамал намудан нафари дигар бошад барои гирифтани хабарҳои рӯз, нафари дигаре бошад беманфиятона вақти худро дар ин шабакаҳои иҷтимоӣ сипари месозад. Агар  бо диққатона фикр кунем ва таҳлил созем пай бурдан мумкин аст, ки аз як тараф шабакаи интернетӣ барои кореро тез ва сари вақт анҷом додан бошад, аз паҳлуи дигар зарари ҷиддӣ ба саломатии инсон расонида, боиси камфаъолияти ва  харобшавии асабҳо мегардад. Имрӯзҳо низ метавон мушоҳида намуд, ки бисёре аз нафарон хосатан ҷавонону наврасон мақсади чихел истифода бурдани шабакаи интернетиро надоранд ва ба тамошои ҳаргуна бозиҳо машғуланд, ки ин боиси паст гардидани сатҳи маънавии онҳо ва дур монондан аз китобҳои таълимӣ мебошад. Истифода бурдани шабакаи интернетӣ, саҳифаҳои иҷтимоӣ аз ҳар як нафар маърифати баланд ва фарҳанги дуруст истифода бурдани онро талаб месозад. Василаи ягонаи таълиму тарбия ба фарзанд дар оила ин муоширату муомила ва риояи ҳатмии одобу ахлоқ   аз муносибати  дурусти падару модар сарчашма мегирад.Нагузорем, ки фарзандон вақти зиёди хешро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузаронанд ва тариқи ин гуна шабакаҳо дӯст пайдо созад. Чунки имкони хавфу хатар дар ингуна ҳолатҳо пайдо шуданаш мумкин аст.