СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ №13

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон ва ҳамзамон бо дастгириҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 оғоз шуданд. Корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагии муассисаи мазкур бо саҳми хатмкунандагони сину соли гуногуни ин даргоҳ дар доираи амалиёти “Мактаби ман” роҳандозӣ шуда истодааст. Айни замон корҳо дар зербинои синфхонаҳо рафта истодаааст. Барои дар сатҳи зарури анҷом додани корҳои бетонии зербино масолеҳи сохтмони омода мебошад. Корҳҳои сохтмонӣ бо тариқи ҳашар аз ҷониби сокинони деҳаи Навобод, ки хатмкунандагони ҳамин даргоҳ мебошанд амали карда мешаванд.