САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР ОМИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор, Раиси ноҳия Зариф Назирӣ ва бо ҷалби сармояи хориҷи дар деҳаи Куҳандиёри Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор корхонаи  коркард ва бастубанди биринҷ, истеҳсоли орди навъи якум ва олӣ, хӯроки чорво, шоназании пахта бо иштироки фаъолони ҳизбӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин корхона 12 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Инчунин, ҷамъият дар ихтиёри худ 22 гектар заминҳои кишоварзӣ дорад ва дар 10 гектараш шолӣ парвариш карда мешавад.   Инчунин баъд аз шуруъи кор дар ин корхона деҳқонони ҷамоат метавонанд дар ҳудуди деҳа маҳсулоташонро барои коркард супоранд. Барои интиқоли шолӣ, пахта, гандум ба корхона техникаи боркаш ташкил карда шудааст, ки ба кишоварзон ройгон хизмат мерасонанд.