РОҲСОЗӢ САВОБИ ҶОРИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи тавонои сиёсӣ буда, дастовардҳои бузурги кишвар бо номи ин ҳизб иртиботи зич дорад. “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи замони истиқлолият буда, ҷиҳати таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ нақши муассир мегузорад”.Чуноне Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Анҷумани 9-уми ҳизб иброз менамоянд:“Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рўз табдил ёфта буд, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба души худ гирифт”.Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навобод”-и ноҳияи Фархор якҷо бо аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри таъмиру барқарорсозии як қатор роҳҳои дохили деҳаро бо роҳбарии раиси ташкилоти ибтидоии мазкур ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизби корҳои ободониро роҳандози карда истодаанд. Ин иқдоми аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки 2 км роҳи дохилиро сангфарш намуда истодаанд.