ТАРҒИБИ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ФАЪҲЛИЯТИ ҲХДТ МИЁНИ АҲОЛӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба ҷалби сокинон ба ҷои корӣ дар иншооти азими аср НБО Роғун, тарбияи ҳарби ватандустии ҷавонон ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули  «хона ба хона» дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархор санаи 12 апрели соли ҷорӣ гардиш доир намуданд.Кормандони ҳизбӣ маводҳои таблиғотӣ оид ба интихоби касб дар НБО Роғун, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва ҳамзамон оид ба тарбияи ҳарби ватандӯстии ҷавонон тақсим намуданд.