ҲИСОБОТИ РАИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “НАВОБОДИ БОЛО” ШУНИДА ШУД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 11 – апрели соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Навободи боло" маҷлиси ҷамъбастӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Навободи боло" “Дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии "Навободи боло" дар семоҳаи аввали соли 2023” шунида шуда, қарорҳои дахлдор тасдиқ карда шуд. Ҳамзамон масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба масъалаи ҳаракати аъзои ҳизб баромад намуда, таъкид карданд, ки ҳисоботҳо оиди ҳаракати аъзо ҳар моҳ ва сари вақт ба Кумитаи иҷроия дастрас карда шаванд. Дар идомаи суҳбат масъулин оид ба тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон баромад намуда ёдовар шуданд, ки дар даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ яке аз аввалинҳо шуда дар ҷумҳурӣ нақшаи даъватро бо сарбаландона иҷро намуданд.