МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ШАБАКАҲОИ БАРҚ”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рӯзи 10 – апрели соли ҷорӣ маҷлиси ҷамбастӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шабакаҳои барқ" бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор баргузор гардид.Дар маҷлис ду масъала мавриди баррасии ҳаматарафа карор дода шуд. Сараввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шабакаҳои барқ" Насимов Комрон “Дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии "Шабакаҳои барқ" барои нимсолаи аввали 2023” шунида шуда, доир ба масъалаи дуюми маҷлис котиби ташкилоти ибтидоии мазкур ҳисобот доданд. Ҳамин тариқ масъалаҳои дар рузномабуда барраси шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.