РАСОНИДАНИ КӮМАК БА МАЪЮБОН ЯКЕ АЗ ФАЗИЛАТҲОИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН МЕБОШАД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

    Бо мақсади дастгирии иҷтимоии оилаҳои эҳтиёҷманд ва маъюбону барҷомондагон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар арафаи иди Саиди Фитр ба аёдати се нафар сокинони маъюби ноҳия Саъдуллоева Сафармо,  Қурбонов Амирҷон ва Сафарова Холмо рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо аз наздик шинос шуда, кӯмакҳои молиявӣ аз тарафи аъзои фаъоли ҳизбӣ ва шахсони саховатмандӣ ноҳия ва КУмитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархорро ба онҳо расониданд. Масъулини ҳизби ният доранд, ки бо ҷолби шахсони саҳоватманди ноҳия ин иқдоми хайрхоҳонаро идома диҳанд.