БОЗДИД АЗ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳусензода Наврӯз муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар идомаи сафари кориашон дар ноҳияи Фархор аз рафти коргузорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и ноҳия дидан намуда,  бо котиби ташкилоти ибтидоии мазкур оиди ба тартиб даровардани ҳуҷҷатгузорӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, ташаббусҳои ҳизбӣ, аксияҳо ва корҳои ободонӣ, ҳармоҳа овардаги ҳисобот ба Кумитаи иҷроия ва дигар масъалаҳои мубрам суҳбат намуданд.