РАСОНИДАНИ ЁРИИ МЕТОДӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 4 апрели соли ҷорӣ бо мақсади расонидани ёрии методӣ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Ҳусейнзода Наврӯз муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадам ранҷа намуданд.Ҳусейнзода Наврӯз аз ҳолати ҳуҷатгузорӣ ва дигар фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дидан намуда ба масъулин роҳҳои ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудиҳоро омузонданд. Дар фарҷом Ҳусейнзода Наврӯз бо масъулини ҳизбӣ мулоқот намуда оид ба бурду бохти кумитаи иҷроия ки аз санҷиш маълум намуда буданд суханронӣ карда, мудирони шуъбаҳои дахлдорро барои сари вақт бартараф намудани камбудиҳояшон вазифадор намуданд.