МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “БЕМОРХОНАИ №5”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Маҷлиси ҷамбастӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи №5" бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор рӯзи 05 – апрели соли ҷорӣ баргузор гардид.Дар маҷлис ду масъала мавриди баррасии ҳаматарафа карор дода шуд. Сараввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Беморхонаи №5" Шарипов Сайвалӣ “Дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии " Беморхонаи №5" барои семоҳаи аввали 2023” шунида шуда, доир ба масъалаи дуюми маҷлис котиби ташкилоти ибтидоии мазкур ҳисобот доданд. Ҳамин тариқ масъалаҳои дар рузномабуда барраси шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.Инчунин, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор зимни суханрони иброз доштанд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи №5” дар рушди соҳа саҳми босазо дошта дар корҳои ҳизбӣ низ саҳмгузор мебошад.